ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-НИШОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Февраль 19, 2011 12:51

    Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — 18 феврал бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ  бахшида ба рӯзи таъсисёбии Кувваҳои мусаллаҳи ҶТ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.            Дар чорабинии тантанавӣ тамоми афсарону аскарони  қисмҳои низомӣ иштирок намуданд.    Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов  ҳозиринро бо  ҷашн табрик намуда иброз дошт, ки яке аз нишонаҳои олии соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, дар давоми  18 соли мавҷудияти худ таҳкиму тақвият ёфта, беҳдошти моддию техникии он баръало эҳсос мегардад.             Дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид гардид, ки имрӯз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта пурра карда, қисми дигар бо доштани малакаи баланди ҳарбӣ дар муассисаҳои олии мамлакат баҳри ҳифзи бузургтарин арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ифтихормандона  хизмат менамоянд.               Маҳз чунин арҷгузорӣ нисбат ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ аст, ки бо беҳ гардидани вазъи қисмҳои низомӣ ва бедор намудани ғурури  ватанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон шумораи ихтиёриён  дар сафи Қувваҳои низомии кишвар дар қиёс бо солҳои пешин боло рафтааст.   Дар хатми ҷамъомад беҳтарин афсарони шуҷои ватан бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Роҳбарону собиқадорони соҳа  ҳар яки онҳоро ба ҳифзи софдилонаю гиромӣ доштани ҳар пора хоки Тоҷикистони азиз давъат намуданд.            Дар поёни ҷамъомад барномаи фарҳангии ҷолиб иборат аз сурудҳои ватандӯстона намоиш дода шуд.

Февраль 19, 2011 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст