ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ ВАО-И МУСТАҚИЛ САРФИ НАЗАР МЕШАВАНД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз ҳуқуқвайронкуниҳои зиёди нашрияҳои мустақил барои фаъолияти ягон нашрия монеъ нагардидааст», — гуфт вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар ҷараёни мизи мудаввар таҳти унвони «Рушди озодии сухан ва ВАО дар давоми 20 соли Истиқлолият», ки имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ҳафтанома ва маҷаллаҳои давлативу хусусӣ ва коршиносони соҳа баргузор гардид. М.Асрорӣ изҳор дошт, ки дар ин хусус боре ҳам расман изҳорот ё огоҳӣ надодааст ва фаъолияти онҳоро қатъ ҳам накардааст. «Баҳсҳое, ки бинобар норизогии тарафҳо, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳал мегарданд, маънои монеаэҷодкунии ҳукуматро надорад… Норизоӣ ва эътирозҳое, ки созмонҳои журналистон ва нашрияҳои мустақил нисбат ба озодии сухан баён мекунанд, беасос мебошанд. Бо дарки масъулият изҳор менамоям: озодии сухане, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад», — таъкид намуд ӯ. Дар мизи мудаввар раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов роҷеъ ба норасоии кадрҳои журналистика, паҳнкунии рӯзномаҳо дар байни мардуми оддӣ ва дигар дастовардҳову мушкилоти соҳаи ВАО ибрози андеша карда, пешниҳод намуд, ки ВАО-е, ки қоидаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ»-ро вайрон мекунанд, ҷарима баста шаванд. «Чаро имрӯз аксарияти ВАО, бахусус, ВАО-и мустақил аз қонуни андоз метарсанд ва нуқтаҳои муҳими қонуни забонро риоя наменамоянд?», — пурсид А. Сатторов аз ҳозирин. Дар нишаст байни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти ВАО муҳокима ва баррасӣ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






