ҶАРИМА БАРОИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУНИ ЗАМИН
Кӯлоб, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бино ба иттилои раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мунаваршо Ташрипов ҳарчанд самаранок истифода бурдани замин дар ноҳия нисбат ба соли сипаригардида беҳтар гардидааст, аммо аз тарафи бархе шаҳрвандон вайронкунии қонун нисбат ба замин ҳанӯз ҳам ба чашм мерасад. Ба гуфти Ташрипов дар 12 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия аз тарафи Кумита 89 ҳодисаи вайронкунии қонуни замин ошкор шуда, 68 нафар ба маблағи 22 370 сомонӣ ҷарима шуданд. Инчунин дар ин давра 4 мавод ба прокуратура ва 27 мавод ба суди ноҳия ирсол гардид. Кормандони Кумита дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ нисбат ба 27 нафар вайронкунандагони қонун дар мавриди барқарор намудани 75,9 гектар замин ба прокуратура мавод пешниҳод намуданд, афзуд Мунаваршо Ташрипов.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






