126,7 МЛН. СОМОНӢ БАРОИ ИНШООТИ СОХТМОНӢ

Февраль 3, 2011 09:51

Хоруғ,  3 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). –  Тибқи иттилои аз дастгоҳи  раиси  ВМКБ    расида соли  2010  сохторҳои  бонкӣ  ба  соҳаҳои  иқтисодиёти  вилоят 77,1  млн. сомонӣ қарз  додаанд, ки  ин  нисбат ба  соли 2009 – ум  22  млн. сомонӣ зиёд аст. Аз  хориҷи  кишвар  33,4  млн.  доллар  ворид  гардид, ки нисбат ба  соли  2009 – ум  6  млн.  доллар  бештар  аст. Дар  миқёси  вилоят  аз  ҳисоби   ба  кор  даровардани  заминҳои  бекорхобида,  бунёди  боғҳои  нав, ташкили  корхонаҳои  истеҳсолӣ  ва  рушди  соҳибкорӣ ҷойҳои  нави  корӣ таъсис  дода шуд. Дар  ҳамаи   шаклҳои  хоҷагидории  вилоят соли  2010 – ум  16 263 тонна  ғалла,  48 755 тонна   картошка, 18 346 тонна  сабзавот,  15 304 тонна  мева истеҳсол  гардид. Истеҳсоли   гӯшт ба 7 986 тонна,  шир ба 17 628 тонна,  тухм  ба  5,3 млн.  дона,  пашм ба  207,2  тонна, асал  ба  112,2  тонна расид. Дар  давоми   сол  7  сехи  хурди  истеҳсолӣ,  аз  ҷумла  корхонаи  хиштбарорӣ  ва  сехи  дӯзандагии   ноҳияи  Ванҷ,  сехҳои  коркарди  меваи  хушк ва  пахтатозакунии  ноҳияи  Рӯшон,  сехи  дуредгарии  ноҳияи  Шуғнон,  сехҳои   коркарди   сангҳои  ороишӣ  ва  қаннодӣ  дар  шаҳри  Хоруғ  бунёд  гардида,  ба  фаъолият   шурӯъ   намуданд.    Бо  дастгирии   соҳибкорони   маҳаллӣ  ва  ҷалби  маблағҳои  ғайрибуҷавӣ  сохтмони  4  адад  НБО  —  и  хурд  дар  деҳаҳои  Ширги  ноҳияи  Дарвоз, Ҷадуди  ноҳияи  Рӯшон,  Тусёни  ноҳияи  Роштқалъа  ва  Шитхарви  ноҳияи  Ишкошим  идома дорад.  Дар  ноҳияи  Мурғоб  хишти  аввали  сохтмони  нерӯгоҳи барқи   обии  «Оқсу – 2» бо тавоноии 2  мегават гузошта шуд.       Дар  соли 2010 аз  ҳисоби  ҳамаи  манбаъҳои  маблағгузорӣ  барои  соҳаи   сохтмон ва  барқароркунии  иншооти вилоят 126,7 млн.  сомонӣ  истифода    шуд.  Дар  ин  давра  дар  қаламрави   вилоят  аз  ҳисоби  маблағгузории  давлатӣ ва  ҷалби  маблағгузориҳои ғайрибуҷавӣ 13 мактаб  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор дода шуд. То таҷлили  ҷашни  20 – солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз  8  мактаб  мавриди  истифода  қарор  мегиранд.

Февраль 3, 2011 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст