БЕҲТАРГАРДИИ ТАЪМИНОТИ МАРДУМ БО БАРҚ

Февраль 1, 2011 16:15

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Эътибор Юсуфӣ). — Дар  соли  2010  истеҳсоли   нерӯи   барқ дар ҷумҳурӣ 14 миллиарду 614  миллион  кВт/ соатро  ташкил  дод,  ки  ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   417 миллион кВт/ соат зиёд  мебошад. Аз ин миқдор 10 миллиарду    553 миллион кВт/ соат  нерӯи барқ дар НБО-и Норак истеҳсол шудааст,- хабар доданд аз маркази  матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик».   Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани реҷаи коркарди обанбори  Норак сатҳи оби обанбор то 19 октябри соли 2010 дар нишондоди  910,50  метр нигоҳ дошта шуд. Ин имконият дод, ки таъминоти аҳолии  ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ дар моҳи ноябр то 10 соат ва  дар моҳи декабр то 12 соат расонида шуда, аҳолии шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб,  Роғун,  Хуҷанд, Қайроққум ва  Чкалов бо нерӯи барқ бемаҳдудият таъмин  гарданд. Дар  давраи  амалишавии меъёри нерӯи барқ агар дар соли гузашта истифодабарии барқ  дар ҷумҳурӣ  42,7 миллион кВт/соатро дар як шабонарӯз ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 48 — 50 миллион кВт/соат баробар шуд.

Февраль 1, 2011 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст