БУНЁДИ 200 ИНШООТ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ

Февраль 1, 2011 16:39

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар қаламрави вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ авҷ гирифта,  сохтмони 200 иншооти ҷашнӣ идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони ҳавзи шиноварӣ, бинои таълимии Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Кохи матбаа, хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд, маҷмааи таълимӣ ва истироҳатии кӯдакон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, чойхонаи миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корхонаи ҷӯроббарорӣ дар ноҳияи Зафаробод ва фабрикаи ресандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ босуръат ҷараён доранд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати густариши корҳои омодагӣ ба таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ қарорҳои раиси вилояти Суғд «Дар бораи тадбирҳои иловагии омодагӣ ба таҷлили 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озмуни вилоятии шаҳри (ноҳияи) беҳтарин», «Дар бораи озмуни вилоятии мутахассиси беҳтарин» ба имзо расидаанд. Иншооти мазкур дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Февраль 1, 2011 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст