ДАР ИСЛОМОБОД 8 САНАДИ БАЙНИДАВЛАТӢ БА ИМЗО МЕРАСАД

Февраль 8, 2011 14:59

       Душанбе, 8 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Покистон беш аз пеш густариш меёбанд. Далели ин сафари расмии қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон аст, ки моҳи марти соли равон ҷараён мегирад», гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар. Мавсуф афзуд, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Покистон қариб 8 санади байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо мерасанд.            Дипломати покистонӣ доир ба муносибатҳои дипломатӣ ва  ҳамкориҳои ду кишвар ибрози назар карда афзуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон дар сатҳи баланд қарор доранд ва ин аз иродаи сиёсии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон -Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ шаҳодат медиҳад.             Инчунин, Холид Усмон Қайсар роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон табодули назар карда, гуфт, ки мубодилаи мол байни Тоҷикистону Покистон дар соли 2010 21 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2009 се маротиба ва нисбат ба  соли 2007 –ум 10 маротиба афзоиш ёфтааст.   

Февраль 8, 2011 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст