ДАРЁФТИ 22 КГ ҲАШИШ АЗ МОШИН

Февраль 15, 2011 15:49

   Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ба Ҷумҳурии Қирғизистонро гирифтанд.   Тавре аз маркази матбуоти Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чанд моҳ қабл кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи ҷиноятии муташаккилонаро, ки аъзояш шаҳрвандони кишвар ва Ҷумҳурии Қирғизистон буданд, назорат мекарданд. Онҳо нақша доштанд, ки миқдори зиёди маводи нашъаоварро ба Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд.    Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар шоҳроҳи «Хуҷанд- Конибодом» автомашинаи тамғаи «Опел — Астра» боздошт гардид. Дар дохили автомашина як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ду шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон буданд. Ҳангоми аз назаргузаронии автомашина аз дохили он 16 бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи растании дорои бӯи махсус буд, дарёфт ва мусодира гардид.  Мувофиқи хулосаи озмоишию ташхиси судии раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд маводи мусодирашуда моддаи нашъаовари навъи ҳашиш буда, вазни он 22 килограммро ташкил дод.   Оид ба ин қазия тибқи моддаҳои 32, 200, 289-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. 

Февраль 15, 2011 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст