ЭРОДИ Қ. РАСУЛЗОДА АЗ НУҚТАҲОИ САВДО ДАР БОЗОРИ «СОМОНИЁН»
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба хотири вусъат бахшидани корҳои омодагӣ ба истиқболи таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ — иди Наврӯзи Аҷам ва 20 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод. Раиси вилоят ба ҳолати ташкили нуқтаҳои савдо дар бозори «Сомониён», ки дар гардишгоҳи Қайроққум амал менамоянд, эроди ҷиддӣ гирифт. Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки ҳарчанд дар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ҳар сол ниҳолҳои зиёд шинонида мешаванд, аммо мутасаддиён дар парвариши он беэътиборӣ зоҳир менамоянд. Ҳини боздид маълум гашт, ки дар баъзе минтақаҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳолати парвариши ниҳолҳо беҳбудӣ металабад. Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки бобати шинонидани ниҳолҳо дар шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров ва роҳҳои дохилии шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум эътибори ҷиддӣ диҳанд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят, ҳамчунин, бо вазъи роҳҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, ҳолати корҳои ободонӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳр шинос гардид. Сохтмони маҷмааҳои Исмоили Сомонӣ бо фаввораҳояш дар майдони 3,6 гектар ва ҳавзи шиноварӣ иншооти асосии ҷашнӣ маҳсуб меёбанд.Алҳол дар ин иншоот корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд. Аз ҷумла, дар ҳавзи шиноварӣ 83 сутунпояҳо гузошта шуда, насби таҷҳизот идома дорад. Дар ин сохтмон беш аз 70 нафар мутахассисони тоҷику чинӣ фаъолият доранд. Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ бо усулҳои муосир ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналхалқӣ бунёд гардида, аз се ҳавз- бачагона, машқу тамрин ва асосӣ иборат хоҳад буд. Маблағгузории иншоот аз ҳисоби буҷети вилоятӣ сурат гирифта, сохтмонашро ширкати чинии Сюан-Юан ба ӯҳда дорад. Бояд зикр намуд, ки алҳол дар вилоят ба истиқболи 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 200 иншооти ҷашнӣ идома дорад.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд






