ФЕВРАЛ- МОҲИ КАБУДИЗОРКУНӢ
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ КВД «Тоҷикниҳолпарвар» барои бунёди боғу токзори ҷумҳурӣ 2 млн. 260 ҳазор бех ниҳоли босамар, 1 млн. 260 ҳазор ниҳоли ток, 815 ҳазор ниҳоли ороишию сояафкан тайёр намудааст. Ҳамчунин дар хоҷагиҳои таъиноти илмӣ доштаи АИКТ 276 ҳазор ниҳоли мевадиҳанда, 33 ҳазор ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва 300 ҳазор бех қаламчаҳои ток, санҷид ва ситрусӣ парвариш намуда барои фурӯш омода кардаанд. Боис ба ёдоварист, ки аз 13 –уми октябри соли 2009 то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 50 га боғ, аз ҳисоби хоҷагии ниҳолпарвари ноҳияи «Ҳамадонӣ» дар ноҳияи Дарвоз 20 га, аз ҳисоби хоҷагии ба номи «Турсунзода» -и ноҳияи Шаҳринав дар ноҳияи Бохтар 28 га ва аз ҳисоби КВДҶ «Тоҷикниҳолпарвар» дар ноҳияи Ванҷ 8 гектар боғ бунёд шудааст. Айни замон масоҳати боғу токзори ҷумҳурӣ ба 13 ҳазору 448 га мерасад.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






