ФУРӮШИ НИҲОЛҲОИ БОСАМАР
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин ).- Ҳоло дар тамоми манотиқи кишвар мавсими ниҳолшинонию ободкорӣ фаро расидааст. Кишоварзони хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ кӯшиш менамоянд, ки дигар хоҷагиҳо ва шахсони алоҳидаро бо ниҳолҳои босифат таъмин намоянд. Аз ҷумла, рӯзи 12 феврал дар шафати бозори Саховати шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши ниҳол баргузор гардид, ки сокинони пойтахт ва дигар ноҳияҳои кишвар дар он иштирок намуданд. Бод гуфт, ки дар ярмаркаи мазкур ниҳолҳо аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд барои фурӯш оварда шуда буданд. Дар ярмарка бештар ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, зардолу, нок, олуча, ниҳолҳои ситрусӣ ва ниҳолҳои дарохтони ороишию сояафкан ба фурӯш гузошта шуд.