ИФТИТОҲИ «АВИТСЕНА» ДАР ҲИСОР

Февраль 14, 2011 13:11

   Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-12 феврал бо ташаббуси сарвари Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена» Абдураззоқ Саидов дар маркази ноҳияи Ҳисор Қасри варзишии «Авитсена» дари худро ба рӯи варзишгарон боз намуд.   Дар расми кушодашавии он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов иштирок намуданд. Маликшо Неъматов ин иқдоми нек ва хайрхоҳонаи Абдураззоқ Саидовро иқдоми ватандӯстона номида, варзишгаронро таъкид намуд, ки аз ҳарвақта бештар машқ намуда, барои баланд бардоштани парчами кишвар ҳунари зебои варзишии худро нишон диҳанд.    Ҳамзамон Маликшо Неъматов Шаҳзод Сулаймонов ва Манучеҳр   Ҷалиловро дар риштаи футбол бо унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» сарфароз гардонид. Баъдан ба Абдураззоқ Саидов барои ба варзишгарон шароити мусоид фароҳам овардан ва саҳми ӯ дар пешрафти соҳаи варзиш унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд.   Раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов омодагии худро барои гузаронидани чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмиллалӣ таъкид дошт. Нахустнамоиши варзишии варзишгарон аз рӯи намудҳои варзиши сабук, таэквандо, ва гӯштини миллӣ дар қасри навтаъсис хотирмон буд.   Ёдовар мешавем, ки қасри варзишии «Авитсена» аз як толори мардона барои машқи 180 нафар ва толори занона барои машқи 105 нафар зан иборат буда, ба сатҳи байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошад. Толори барҳавои он дорои 1250 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст.  

Февраль 14, 2011 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст