ИХТИСОСИ 500 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БАРОИ БУНЁДИ КОРХОНАИ СЕМЕНТ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар доираи мулоқоти кории комиссияи Кумитаи муштараки ҳамкориҳои саноатӣ ва маъдан имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати саҳҳомии пӯшидаи «Лион Ковон Кониҳои Симони байналмилал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаи сементбарорӣ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расид. Мутобиқи санади мазкур ширкати «Лион Ковон Кониҳои Симони байналмилал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи сементбарорӣ бунёд менамояд, ки иқтидори он истеҳсоли 2 миллион тонна дар як сол буда, дар ду марҳила сохта ба истифода дода мешавад. Мувофиқи ҳисоби пешакӣ маблағи сохтмони корхона 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Созишномаро Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва мудири омили ширкати «Лион Ковон Кониҳои Симони байналмилал» Ғуломҳайдар Иброҳимбой Саломӣ ба имзо расониданд.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






