ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ АФЗУД, НАРХ БОЗ ҲАМ БОЛО РАФТ

Февраль 22, 2011 10:17

   Душанбе, 22 феврал. (МИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба маълумоти Агентии давлатии омори назди Президенти ҶТ то 10 –уми феврали соли 2011 истеҳсоли гӯшту шир дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои деҳқонї  (фермерї) — и ҷумҳурї нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 6,4 фоиз зиёд шуд.    Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, истеҳсоли гӯшт дар моҳи январ ва даҳ рӯзи моҳи феврали соли ҷорї  ба 7 ҳазору 724 тонна расид.    Истеҳсоли гӯшт дар  хоҷагиҳои вилояти Хатлон ба андозаи 8 фоиз, дар вилояти Суғд 3,1 фоиз, дар ноҳияҳои Роғун 20, Шаҳринав 10,2, Ҳисор 9,7, Рӯдакї 5,2 ва шаҳри  Турсунзода 2,9 фоиз зиёд гардид.    Ҳаҷми истеҳсоли шир  дар ин муддат ба 39 ҳазору 60 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 5, 8 фоиз зиёд мебошад.    Бо вуҷуди зиёд   шудани истеҳсоли  гӯшту шир нархи ин маҳсулот боз ҳам боло рафт.Мутахассисон  зиёд шудани  нархи гӯшту ширро аз боло рафтани нархи воридотии  хӯрокии чорво аз хориҷи кишвар медонанд.

Февраль 22, 2011 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст