ИВАЗИ ҲИСОБКУНАКҲОИ ИНДУКСИОНӢ БА ЭЛЕКТРОНӢ

Февраль 2, 2011 15:02

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Ҳаҷми воқеии хароҷоти технологии нерӯи барқ    соли гузашта 14,1 фоиз ё  2321,1 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба  меёърҳои муқарраргардида 0,6 фоиз зиёд мебошад,   иттилоъ доданд ба мухбири АМИТ «Ховар»  аз  ШСКХ «Барқи Тоҷик».                          Бо мақсади самаранок истифода намудани нерӯи барқ дар давраи ҳисоботӣ, ҷиҳати паст намудани сатҳи хароҷоти нерӯи барқ дар  низоми энергетикӣ чораҳои мушаххас андешида шуданд, аз ҷумла, барои пурзӯр намудани назорат ва саҳеҳ намудани нишондиҳандаҳои истифодаи нерӯи барқ дар нуқтаҳои интиқоли байнидавлатӣ, нуқтаҳои сарҳисоби  барқи байниминтақавӣ ва байниноҳиявӣ ҳисобкунакҳои электронӣ насб  шуданд. Ҳамчунин, дар тамоми зеристгоҳҳои барқӣ ва нуқтаҳои трансформаторӣ  низоми ба ҳисобгирии истифодаи нерӯи барқ барои ба низом даровардани кор  ҷараён дорад.             Бо мақсади боз ҳам паст намудани сатҳи талафот ва зиёд намудани сатҳи ҷамъоварии маблағҳои фурӯши барқ аз ҷониби ШСКХ «Барқи Тоҷик» айни замон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кам кардани талафоти нерӯ» бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонии Рушд ва гранти давлати Швейтсария дар шаҳри Душанбе ҳисобкунакҳои индуксионӣ ба ҳисобкунакҳои электронӣ иваз   шуда истодаанд. Ҳамин тавр, то ҳолати якуми январи соли 2011 шумораи умумии ҳисобкунакҳои насбшуда ба 165 097 адад расонида шуд.

Февраль 2, 2011 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд