КӮМАКИ БЕҒАРАЗОНА БА «ЧОРБОҒ»
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дирўз намояндагони Ҷамъияти байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасон- «Чорбоғ» 32 номгўй дорувориро ҳамчун кўмаки беғаразона расониданд. Ҳамчунин намояндагони ин созмон бо шароити зист ва таълиму тарбияи бошандагони ин муассиса ошно гардиданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд.