КОМИССАРИ ҲАРБӢ ПОРА ГИРИФТ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова).- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шахсони аз талаботи қонун ба хубӣ огоҳ ба ҷойи вазифаи ҷонии худро иҷро намудан баракс даст ба ҷиноят мезананд. Чанде қабл кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ сардори шўъбаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор Абдуҷаббор Исмоиловро барои гирифтани пора дастгир намуданд. Тавре аз Агентии мазкур ба мухбири АМИТ “Ховар” хабар доданд, сабаби дастгир намудани Абдуҷаббор Исмоилов қасдан ба ҷинояти порагирӣ даст задан ҳангоми иҷро намудани вазифаи хизматӣ буд. Номбурда аз мақоми хизматиаш сўйистифода намуда, ба воситаи миёнарав Қодир Ниёзов аз шаҳрванд “Р” барои тайёр намудани билети ҳарбӣ ва ба расмият даровардани он маблағи 1100 доллари амрикоиро ба сифати пора талаб карда, аз маблағи талабнамудааш пешакӣ 500 долларашро гирифтааст. Зимни гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ –фаврӣ дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор пас аз гирифтани қисми боқимондаи маблағҳои талабнамуда, яъне 600 доллари амрикоӣ А. Исмоилов ва Қ. Ниёзов дастгир шуданд. Барои гузаронидани дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ, яъне санҷида баромадани утоқи кории дастгиршудагон, комиссари ҳарбии ноҳияи Ҳисор подполковник Уктам Беков ғайриқонунӣ, яъне бидуни тартиби муқаррар гардида ба ёрдамчии шўъбаи 2–юми ҳамин комиссариати ҳарбӣ пропоршик Фарҳод Маҷидов ва дигар кормандони комиссарияти ҳарбӣ супориш додааст, ки бо истифодаи яроқи оташфишон ба дохили бинои комиссарияти ҳарбӣ даромадани кормандони Агентиро манъ намояд. Дар асоси супориши охирин Ф. Маҷидов аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ берун баромада, барои дар дохили бинои мазкур гузаронидани амалҳои тафтишотӣ ба гурӯҳи тафтишотии фаврӣ ва кормандони Агентӣ имкон надода ба кори онҳо монеа эҷод кардаааст Бо назардошти гуфтаҳои боло нисбат ба комиссари ҳарбии ноҳияи Ҳисор Ӯктам Беков ва ёрдамчии комиссари ҳарбии ноҳия Ф. Маҷидов бо моддаҳои 345 қ.3 ва 391 қ.1 КҶ ҶТ ва нисбат ба сардори шўъбаи дуюми ҳамин комиссариат Абдуҷаббор Исмоилов ва Қодир Ниёзов бо моддаи 319 қ.2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






