КОРКАРДИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳури коркарди гиёҳҳои шифобахш ба зиммаи Вазорати тандурустии ҷумҳури гузошта шудааст. Кумитаи ҳифзи табиати ҷумҳури бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи давлати оид ба коркард, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани дорувори аз онҳо барои солҳои 2005 — 2014», тавассути хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳури дар майдони 1035 гектар растании камоли бадбӯй (ферула), дар 2 гектар пиёзи анзур, дар 10 гектар зағоса (эфедра) ва дар 10 гектар чукри кишт кард,- иттилоъ доданд аз Кумитаи мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, нигоҳубин ва сабзиши ҳама растаниҳои киштшуда мувофиқи талаботи агротехники хуб ба роҳ монда шуда, коркарди минбаъдаи гиёҳҳои шифобахш ба зиммаи Вазорати тандурусти гузошта шудааст. Дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияҳои Шаҳристон, Ғончи, Айни Шаҳритӯс, Хуросон, Шаҳринав, Тавилдара, Варзоб ва Ваҳдат фурӯши гиёҳҳои шифобахш ташкил шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳури соли 2010 барои ҷамъоварии шираи камол ба миқдори 203 тонна ва решаи ширинбия ба миқдори 3 ҳазор тонна ҳисса (квота) ҷудо шуда, танҳо ба ҶСК «Фароз» дар ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Ҷ.Руми Панҷ ва Фархор ва ҶДММ «Сарчашмаи ҷавонии сайёр» дар ноҳияи Данғара иҷозат дода шуда буд.