МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИР
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз, 3 феврал дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳраки Шўроби шаҳри Исфара машварати корӣ доир гардид. Дар машварат масоили таҳия ва татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳраки Шўроб барои давраи солҳои 2011-2015» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Барномаи мазкур масъалаи эҳёи пурраи шаҳраки Шўроб, аз ҷумла тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, ташкили ҷойҳои корӣ, бунёди иншооти маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва варзишӣ, таъминоти оби нушокӣ ва барқ, инчунин афзун гардонидани истеҳсоли ангишт дар конҳои ангишти ҳудуди шаҳраки Шўроб ва бунёди маркази барқу гармидиҳиро дар бар мегирад. Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳраки Шўроб барои давраи солҳои 2011-2015»-ро таҳия карда, ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд ва баъд аз қабул гардидани барнома дар татбиқи саривақтии он чораҳои бетаъхир андешанд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






