МАСОҲАТИ БОҒҲО МЕАФЗОЯД
Шаҳраки Сомониён, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» роҳбарони ноҳияи Рӯдакӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд. Аз ҷумла, дар талу теппаҳои шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат 109 гектар боғ ва 12 гектар токзор, дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Курғонтеппа 47 гектар боғ бунёд шуда, қад-қади роҳ дарахтони ҳамешасабзи арча ва сафедори калифорниягӣ шинонида шуд. Дар назди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода 31 гектар боғ бунёд гардид. Алҳол бо мақсади афзун намудани масоҳати боғу токзор дар хоҷагии деҳқонии «Баракати Қурбон» 229,5 ҳазор, дар хоҷагии «Ҳисор» 35 ҳазор ва дар заминҳои наздиҳавлигӣ 68,2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан парвариш меёбад.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






