МУЛОҚОТИ Қ.РАСУЛЗОДА БО А.КУДАЙБЕРДИЕВ

Февраль 9, 2011 09:32

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили ҳамкориҳои судманди вилояти Суғд ҳамчун минтақаи аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон 8 феврал дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Абибилла Кудайбердиев дар шаҳри  Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику қирғиз решаҳои мустаҳками таърихӣ доранд. Имрӯз дар вилояти Суғд имкониятҳои мусоиди  иқтисодӣ барои густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои инкишофи самти иҷтимоӣ, равобити дуҷонибаи шаҳрвандон,  содироту воридоти маҳсулот ва муносибатҳои тиҷоратӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Қоҳир Расулзода  ба меҳмонон оид ба рушди хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла иқтисодиёт маълумот дод. Раиси вилоят, қайд намуд ки ҳамкориҳои дуҷонибаи вилояти Суғд бо вилоятҳои  Ҷумҳурии Қирғизистон хуб ҷараён дорад. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Абибилла Кудайбердиев  изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба тибқи дастуру супоришоти Президентҳои  ҳарду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя ва Комиссияи байнидавлатӣ бобати баррасии  масъалаҳои марзӣ, таъмини обу  робитаҳои наздисарҳадӣ сурат мегиранд. Мавриди ёдоварист, ки ҳадафи асосии ташрифи роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба вилояти Суғд  мулоқот бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар  ин мулоқоти расмӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи ҳарбӣ ва таъмини амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Февраль 9, 2011 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст