МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАНБЕҲ ГИРИФТ

Февраль 14, 2011 17:11

  Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 14 феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба муовини соҳавии худ Санавбар Раҳимова танбеҳ эълон намуд. Суст ва нокифоя ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар мавриди сафарбар намудан барои иштирок дар маъракаи 900 рӯзи ободонӣ яке аз сабабҳои танбеҳ гирифтани муовини Раиси шаҳр аст. Аз ин рӯ, М. Убайдуллоев ба С. Раҳимова ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар мавриди ташкили корҳои густурдаи таблиғотӣ ва сафарбарии иқтидори ҷамоатчигӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо барои иштирок дар маъракаи 900 рӯзи ободонӣ мӯҳлат дод.  Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов, дар ҷаласа ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида матраҳ гардид.   Инчунин, фаъолияти навбатдории шабонарӯзии шаҳрдорӣ ва телефонҳои боварӣ (221-26-95, 223-22-14) оид ба қабули муроҷиати сокинон нисбат ба хизматрасониҳои коммуналӣ аз тарафи сохторҳои муҳандисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати самаранокии кори навбатдорон, ки шабона зери роҳбарии муовинони масъули Раиси шаҳр ва мудирони шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳр ба таври доимӣ сурат мегирад, баррасӣ гардида, дастурҳои мушаххас ироа шуд.

Февраль 14, 2011 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад