МУСОДИРАИ ЯРОҚ ДАР БАДАХШОН

Февраль 17, 2011 15:27

   Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар яке аз дидбонгоҳҳои минтақаи Бадахшон автомашинаи тамғаи «Митсубиси»-ро, ки таҳти идоракунии ронанда Ислом Туронов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе қарор дошта аз самти ноҳияи Ванҷ ба шаҳри Душанбе ҳаракат дошт, мавриди санҷиш қарор доданд.      Тавре аз ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи шахсии мусофир Усмон Қудратов, соли таваллудаш 1983 аз зери себҳои дар дохили қуттии картонӣ ҷой дошта 1 адад яроқи оташфишони тамғаи АКМ-7,62 бо рақами РФ 8237, соли бароришаш 1984 бо қундоқи бурида ва 1 адад тирдони бе тир ёфт ва мусодира гардид.    Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад. 

Февраль 17, 2011 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст