НЕЪМАТҶОН ЗИМНИ ПОРАДИҲӢ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). – Чанде қабл кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар утоқи кории муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Конибодом Наим Оқилҷонов менеҷери беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Неъматҷон Ғаниевро ҳангоми додани пора ба маблағи 22 000 сомонӣ дастгир намуданд. Номбурда бо мақсади мусбат ҳал намудани маводи санҷишии дар истеҳсолот будаи Н.Оқилҷонов нисбат ба мудирони шўъбаҳои ҷарроҳӣ ва қабулгоҳи беморхонаи мазкур Шукрулло Норматов ва Раҳим Маҳкамов дар хусуси аз ҷониби онҳо талаб намудани маблағ аз беморон барои гузаронидани ҷарроҳӣ пора пешниҳод кардааст. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз рӯи ин ҳодиса бо назардошти далелҳои шайъӣ парванда оғоз гардид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд






