НИҲОЛҲОИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 8, 2011 16:21

Кӯлоб,  8  феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар боғи  фарҳангу  истироҳатии  шаҳри  Кӯлоб  нахустин ярмарка- фурӯши  ниҳол  дар  соли  2011 – ум баргузор  гардид, ки  дар  он  ниҳолпарварони  ҳамаи  ноҳияҳои  минтақаи  Кӯлоб иштирок намуда,  беш  аз  100  ҳазор  ниҳоли   дарахтони мевадиҳанда,  ороишию  сояафкан  ва  тухмии  гулу буттаҳоро ба  фурӯш  бароварданд. Чун  дар  ярмаркаҳои қаблӣ  шаҳрвандон  бештар   ба  ниҳолҳои мевадиҳанда  таваҷҷӯҳ  зоҳир  намуда,  аслан  ниҳолҳои  дар  ноҳияҳои  кӯҳистони  минтақа  парвариш гардидаро  хариданд. Бояд  гуфт, ки  баргузории  чунин  ярмаркаҳо  дар  табодули  таҷрибаи  байни кишоварзон нақши  муносиб дорад, зеро дар  фурӯшгоҳи  хоҷагии  ҷангали  ноҳияи  Данғара  ниҳолҳое  пешкаш  гардиданд, ки  аз  кишвари  Ҳиндустон  оварда шуда,  бори  аввал  дар Тоҷикистон ба  парвариши  онҳо  шурӯъ намудаанд.  Дар  ярмаркаи  фурӯши  ниҳол  дар  баробари  пешниҳоди  навъҳои  гуногуни  ниҳолҳо аз  ҷониби  Муассисаи  давлатии  навтаъсиси  муҳофизати  растаниҳо ва химикикунонии  кишоварзии  вилояти  Хатлон ба боғдорон  теъдоди  зиёди  дастурҳои  методӣ  оид  ба  истифодаи  дурусти  заҳрхимикатҳо  ва  намунаи  дорувориҳо низ  пешниҳод гардид.

Февраль 8, 2011 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст