«ОҚИЛАИ ҲИКМАТ» -ОЗМУНИ ХУДШИНОСӢ
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон озмун-викторинаи «Оқилаи ҳикмат» миёни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи аграрӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010-2012», қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар шаҳри Душанбе» ва тарбияи самарабахши ҷавондухтарон дар рӯҳияи худшиносиву илмандӯзӣ озмун-викторинаи «Оқилаи ҳикмат»-ро миёни донишҷӯдухтарон таъсис додааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.








22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд






