ОМОДАГӢ БА ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар толори хурди Кохи фарҳангии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода машварати корӣ баргузор гардид, ки дар он раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳои вилоятӣ ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Дар ҷаласа асосан ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ — Рўзи модар, Наврўзи Аҷам, 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қоҳир Расулзода ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, сабзкорӣ ва ниҳолшинонӣ, киштукори баҳорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулин дастуру супориш дода, вазифадор намуд, ки дар қаламрави вилоят Барномаи бунёди боғи нав таҳия гардида, моҳи ниҳолшинонӣ доир намоянд. Раиси вилоят ба вазъи омодагӣ ба корҳои баҳорӣ дастур дода, ҳолати шудгори майдонҳои киштро дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристон суст арзёбӣ намуд. Бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврўз аз ҷониби раиси вилоят дастур дода шуда, зикр гардид, ки ҷашни Наврўз бояд бо шукўху шаҳомати хос таҷлил гардад ва дар рўзҳои таҷлили ҷашн анъанаҳои миллӣ, расму оини гузаштагонамон пос дошта шаванд.Таъкид шуд, ки чорабиниҳои наврўзиро дар деҳаҳо, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо бояд бо риояи оинҳои суннатӣ ташкил намуд. Дар ин замина баргузор намудани чорабиниҳои идона, аз ҷумла, мусобиқаҳои варзишӣ, аспдавонӣ, маҳфилҳои «Иди атлас», «Чакомаи гесў», «Иди кўча» хотирмон хоҳад буд. Раиси вилоят ба вазъи бунёди иншооти ҷашнӣ таваҷҷўҳ намуда, масъулинро бобати бо сифати баланд бунёд намудани онҳо вазифадор кард.Дар ҷаласа Раиси вилоят, ҳамчунин, оид ба танзими нарху наво дар бозорҳо, эътибори ҷиддӣ ба муроҷиати шаҳрвандон, тақсими одилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, дастгирии моддӣ ва маънавии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ашхоси камбизоату ниёзманд, ятимону бепарасторон ва ғайра ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд






