РАИСИИ ГУЛ ШЕРАЛӢ ВА РАҶА ПАРВИЗ
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ масъалаҳои гуногуни тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду кишвар баррасӣ мегарданд», — гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар. Дипломати покистонӣ афзуд, ки ҷаласаи Комиссияи муштараки иқтисодию тиҷоратӣ аз 9 то 12 феврали соли 2011 дар Душанбе баргузор мегардад. Ҷаласаро аз ҷониби Тоҷикистон Гул Шералӣ- вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Покистон Раҷа Парвиз Ашраф — вазири об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон раисӣ менамоянд. Интизор меравад, ки дар ҷаласа маҷмӯи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар бахши саноат, энергетика, туризм, маориф ва фарҳанг баррасӣ мегарданд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






