СОХТОРҲОИ ПОЙТАХТ СОҲИБИ СОМОНАИ ИНТЕРНЕТӢ МЕГАРДАНД

Февраль 9, 2011 15:55

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Дар асоси қарори ба тасвибрасонидаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  то 31 марти соли равон роҳбарони  мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шабакаи интернетӣ сомонаи расмии худро таъсис диҳанд.  Назар ба  иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, қарори мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сатҳи пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон,  бархурдор намудани сокинони пойтахт бо маълумоту иттилоот оид ба  амалигардонии барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, назарсанҷии афкори омма ва пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ  дар асоси истифодаи фаъоли технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ қабул  гаштааст.

Февраль 9, 2011 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст