ТАЛАБИ 5000 ДОЛЛАР БАРОИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ МАНЗИЛ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова).-Кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсиониро ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пурзўр менамоянд. Тавре аз Агентии мазкур ба мухбири АМИТ “Ховар” хабар доданд, ошкорнамоии ҷинояти содирнамудаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Носири Хусрав Нозим Абдураҳимов бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 3300 сомонӣ аз фаъолияти хуби кормандони ин раёсат дарак медиҳад. Номбурда ин миқдор маблағро аз шахсони масъули ширкати тиҷоратии «Тиллои Қубодиён», ки ба беморхонаи марказии ноҳия 15 адад кати бистарӣ бо лавозимоти рахти хоб ба маблағи 6750 сомонӣ ворид намуда буданд, ҳамчун “ҳаққи хизмат” бо миёнаравии сармуҳосиби ҳамин беморхона Ҳаким Абиров талаб кардааст. Бо андешидани чораҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони раёсати дар вилояти Хатлон будаи Агентӣ Ҳаким Абиров бевосита баъди гирифтани 3300 сомонӣ дастгир гардид. Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки Ҳ. Абиров дар асоси супориши сардухтур Нозим Абдураҳимов бе донистани ҳолати кор ин амали номатлубро иҷро намудааст. Ҳамин тариқ, аз тарафи Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон нисбат ба Н. Абдураҳимов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қ. 2 оғоз гардида, баъди тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд. Мудири коргузории раёсати адлияи вилояти Хатлон Фирӯза Авғонова дар якҷоягӣ бо нотариуси давлатии идораи нотариалии ноҳияи Қумсангир Абдусамадбек Ҷӯрабеков барои ба номи шаҳрванд “Р” ба расмият даровардани манзили истиқоматии дар шаҳри Қурғонтеппа буда аз ў 5000 доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намудаанд. Бо андешидани чораҳои оҷилӣ баъди гирифтани маблағи 5000 доллар Ф. Авғонова ва А.Ҷӯрабеков дастгир шуданд. Барои ин кирдори номатлуб нисбат ба Авғонова бо моддаи 247 қ. 4 ва нисбат ба А.Ҷӯрабеков бо моддаи 319 қ. 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






