ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИ
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бо мақсади амали гардидани «Барномаи давлатии экологии ҶТ барои солҳои 2009 -2019» ва нақшаи миёнамӯҳлати татбиқи «Консепсияи ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2010 — 2012» аз ҳисоби маблағҳои дохили, гранти ва қарзи ба анҷом расонидани як қатор корҳо ба нақша гирифта шудааст, — гуфт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳури Талбак Салимов. Соли ҷорї баҳри амалисозии барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои дохили ва инвеститсиони бунёду барқарорсозии зинабоғҳо барои пешгирии эрозияи замин, паст кардани обҳои зеризамини, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обї, таъмир ва барқарорсозии иншооти гидротехники, бартарафсозии ифлосшавии манбаъҳои об дар назар аст. Дар соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои бебозгашт (гранти) барқарорсозии шабакаҳои обу корез, соҳилмустаҳкамкуни ва бунёду барқароркунии ҷангалҳо низ пешбини шудааст.