ТАВАҶҶӮҲИ РУСИЯ БА ОМӮЗИШИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 2, 2011 14:09

         Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Русия зимни мулоқоти Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо намояндаи махсуси Ҳукумати Русия оид ба равобити давлатҳои ИДМ, роҳбари Агентии Федоролӣ оид ба ҳамкориҳои ИДМ Фарит Мухаметшин дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод.          Абдуҷаббор Раҳмонов доир ба ҳамкории самарабахши ду кишвар дар бахши илму маориф, хусусан  таҳсили шаҳрвандони тоҷик, омода намудани мутахассисони ботаҷриба дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Русия, таъсиси филиалҳои  муассисаҳои олии касбии Русия дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, ба сатҳи хамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши илму маориф баҳои баланд дод.         Мусоҳибон ҳамзамон роҷеъ ба  масъалаҳои  тавсеа бахшидани омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва дар ин раванд ёрии амалӣ расонидани Русия ҷиҳати таъмини муассисаҳои  таълимии Тоҷикистон бо китобу дастурҳои таълимӣ, ҳамкориҳои густурдаи Вазорати маорифи Тоҷикистон  бо Фонди гуманитарии ИДМ ҷиҳати дар Тоҷикистон гузаронидани конфронсҳои минтақавию байналмилалӣ, баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, таҳия ва нашри китобҳои адибон ва фарҳангиёни тоҷик, таҳияи луғату фарҳангҳо табодули назар карданд.

Февраль 2, 2011 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд