ТАВАҶҶӮҲИ ТУРКИЯ БА БАХШИ МАОРИФ МЕАФЗОЯД

Февраль 17, 2011 11:52

   Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар бахши маориф дар мулоқоти Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо муовини вазири маорифи Туркия Солеҳ Челик дар Душанбе баррасӣ шуд.   Мусоҳибон ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи маориф аз сиёсати маорифпарваронаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркия Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул арзёбӣ намуданд. Вазири маорифи Тоҷикистон ба фаъолияти пурсамари литсейҳои муштараки тоҷикӣ – туркӣ, ки толибилмонаш дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои сазовар ноил мегарданд, баҳои баланд дод.    Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки дар асоси бурсия беш аз 600 нафар донишҷӯёни тоҷик аз соли 1994 то имрӯз донишгоҳҳои Туркияро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Вазири маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ҷонибҳо дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои ҳар ду кишварро дар бахши маориф, хусусан истифодаи таҷрибаи мактабдории Туркия ва фаъолияти ташкилотҳои бахши маорифи ин кишвар дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.  А. Раҳмонов ва Солеҳ Челик нисбат ба вусъат додани ҳамкориҳо бобати зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, таъсиси як маркази омӯзиши забонҳо ва касбомӯзӣ, тавсеа бахшидани риштаҳои таҳқиқотӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисон табодули назар намуданд. Дар мулоқот сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мунис Дирик иштирок дошт.

Февраль 17, 2011 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид