ТАВЛИДИ ДУБОРАИ АТЛАСИ ВАТАНӢ
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Бегоҳии рӯзи 3 феврали соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ оид ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд. Дар ҷаласа Гул Шералӣ оид ба вусъат бахшидани корҳо дар соҳаи пиллапарварӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар самти тавсеа ва рушди тавлиди атласи ватанӣ сухан гуфта, зарурати истифода намудани тамоми имкониятҳоро дар робита ба ин масъала таъкид намуд. Ҳамзамон, оид ба бартараф кардани камбудиҳо дар фаъолияти корхонаву муассисаҳои пиллапарварӣ, баррасии масъалаҳои марбут ба пилла бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни сармоягузорон ва истеҳсолкунандагони пилла, таъмини нақшаи истеҳсоли пилла, бахусус сари вақт пардохт намудани музди меҳнати пиллапарварон ибрози назар карда шуд. Зимни таҳлили соҳа пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз қабили зарурати зиёд кардани майдони тутзор, мубориза бо бемории оташак, сармоягузории саривақтӣ ба соҳа таъкид гардид. Дар мулоқот муовинони Вазири энергетика ва саноати ҶТ, муовини раиси вилояти Хатлон А. Баҳодуров, раиси идораи пиллаи вилояти Суғд Б. Домуллоев ва масъулини соҳаи пиллапарварии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






