ВАРЗИШГОҲҲОИ ФАЙЗОБОД МЕАФЗОЯНД
Файзобод, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Мудири маорифи ноҳияи Файзобод Маҳмадулло Аминов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки чанде пеш дастаи яккачини паҳлавонони навраси ноҳия аз мусобиқаи созмондодаи Маркази инкишофи гӯштини дзюдои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргаштанд. Бояд гуфт, ки онҳо бо 13 медал, аз ҷумла ду медали тилло сарфароз гардиданд. Мудири маориф афзуд, ки дар оғози соли нав шогирди мактаби таҳсилоти умумии рақами 2 Аҳмадшоҳ Раҳматзода дар ҳайати дастаи яккачини навоҳии тобеи марказ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии дзюдочиёни наврас сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардид. Раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов аз дастовардҳои варзишгарони ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, барои сохтмони варзишгоҳҳо дар ҳар ҷамоату деҳот ба масъулин дастур дод.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






