ВУРУДИ ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон истеҳсоли пахта бо истифодаи таҷҳизоти муосир, ки аз ҷониби мутахассисони хитоӣ пешниҳод шудаанд, дар назар аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ доданд. Тибқи иттилои манбаъ барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани таҷҳизоти нав, алалхусус низоми обдиҳии қатравӣ бо маблағгузорони хитоӣ ҳуҷҷати зарурӣ ба имзо расид ва дар назар аст, ки обдиҳии қатравӣ дар 50 гектар майдони ноҳияи Бохтари ҷумҳурӣ амалӣ мегардад. Зикр кардан бамаврид аст, ки мутахассисони хитоӣ ният доранд дар ҳазор гектар майдони ноҳияҳои Қумсангир ва Ҷомии вилояти Хатлон биринҷ парвариш намоянд. «Ғайр аз ин мутахассисони давлати Ҳиндустон хоҳиш доранд дар 4 гектар замини ноҳияи Ёвон маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гандум ва биринҷ парвариш намоянд», — хабар доданд аз Вазорати кишоварзӣ. Аз Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки онҳо тайёранд қитъаҳои замини дархостшударо ба мутахассисон пешниҳод намоянд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






