ВУСЪАТИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР КӮЛОБ

Февраль 17, 2011 11:46

    Кӯлоб, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ бо вусъати том идома доранд. Дар шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони ҳамаи соҳаҳо ба ҳашари умумихалқӣ баромада ба шинонидани гулу бутта ва дарахтони ороишию сояафкан машғул мешаванд. Дар баробари ин дар шаҳр бунёди як қатор иншооти маданию маишӣ суръати тоза гирифтааст.  Бинои мактаб барои 1200 нафар хонанда дар маркази шаҳр аз шумули иншооти ҷашнӣ буда, мувофиқи нақша сохтмони он бояд то моҳи август ба анҷом расад. Барои бунёди ин иншоот 10 ташкилоту ширкати сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон бинокорони корхонаи сайёри механиконидашудаи № 12 сохтмони синфхонаҳои ошёнаи дуюмро шурӯъ намудаанд.  Бояд гуфт, ки солҳои қаблӣ соҳибкорони маҳалӣ бештар ба тиҷорат машғул буданд ва боиси хушнудист, ки солҳои охир онҳо ба сохтмони иншооти маишию маданӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд. Аксари иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии мақомоти маҳалӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони алоҳида бунёд мешаванд. Ба феҳристи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёди мағозаву марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, марказҳои дилхушиву варзишӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ шомиланд, ки қомат афрохтани онҳо агар аз як ҷониб ба ҳусни шаҳр шукӯҳи хоса зам намояд, аз сӯи дигар баробари ба фаъолият пардохтани онҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта шаҳрвандони зиёд бо ҷойи кор фаро гирифта мешванд.   

Февраль 17, 2011 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«АНДАЛЕБ-2025». Ҳунармандони Ҳисор дар даври минтақавии фестивал-озмун соҳиби холи баланд гардиданд
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид