«ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ»-И МЕҲНАТИ АРЗАНДА
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ ва шарикони иҷтимоии Тоҷикистон ва гурӯҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои ТБМ оид ба мамлакатҳои Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ «Ёддошти тафоҳум» ба имзо расид. Ёддошти мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз номи Бюрои Байналмилалии Меҳнат директори минтақавии Бюрои минтақавии ТБМ барои мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сюзанна Хоффман имзо карданд. Дар доираи ин ёддошт Барномаи нав оид ба меҳнати арзанда (БМА) барои солҳои 2011-2013, ки бо мақсадҳои асосӣ ва афзалиятҳои Барномаи ҳудудии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба расонидани кӯмак амалӣ мешавад, бо мақсади рушд (UNDAF) барои солҳои 2010-2015 мутобиқ буда, барои расидан ба ҳадафҳои он мусоидат менамояд. Ба ғайр аз ин, БМА-и нав дар татбиқи стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, ки ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 нигаронида шудааст, саҳми муносиб мегузорад.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






