ЗАХИРАИ ТУХМӢ БАСАНДА АСТ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То 1- уми феврали соли 2011 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) ба андозаи 51 ҳазору 613 тонна ғалладонаи тухмӣ (аз ҷумла, 47 ҳазору 420 тонна гандуми тухмӣ) захира намуданд. Ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ то моҳи феврали соли ҷорӣ, ҳамчунин, 664 тонна ҷуворимаккаи тухмӣ, 27 ҳазору 206 тонна картошкаи тухмӣ ва 17 ҳазору 757 тонна чигити тухмӣ захира шуд. Ин миқдор захираи тухмӣ имкон медиҳад, ки кишти пахта, гандум, ҷуворимакка ва картошка нисбат ба соли 2010 зиёд гардида, аз хориҷи кишвар ворид намудани тухмӣ ба маротиб кам ва аз ин ҳисоб даҳҳо миллион сомонӣ маблағ ба манфиати хоҷагиҳо сарфа гардад.








22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд






