ҚАҲРАМОНМОДАРИ САДСОЛА
Хоруғ, 9 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Пайвандони сокини ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа рӯзи 8 – уми март садумин солгарди зодрӯзи Софиямо Замоноваро ҷашн гирифтанд. Холаи Софиямо 8 – уми марти соли 1911 дар қарияи Шоҳхиризми ноҳияи Роштқалъа таваллуд шудааст. Ба гуфти худаш шавҳараш Сабздавлат Шуғниев марди бо нангу ор буд ва рӯзгори оиларо хуб таъмин менамуд. Дар оила 7 писару 3 духтар ба дунё меоянд. Ҳоло холаи София соҳиби 53 набераю 51 абера мебошад. Соли 1959 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Софиямо Замонова ба хотири тавлиду тарбияи 10 нафар фарзанд унвони Қаҳрамонмодар дода шуд. Холаи Софиямо то синни 70 солагӣ дар колхоз кор кардааст. Ӯ ҳоло ҳам бардам қадам мезанад. Холаи Софиямо мегӯяд, ки дар умраш ҳатто ба бемории зуком гирифтор нашудааст. Ӯ дарозумрии худро аввал дар иқлиму ҳавои мусоид, об ва ғизои тозаи кӯҳистон мебинад ва мегӯяд, ки баъдан тавлиди фарзанди зиёд ба саломатии модар судманд аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






