БАДАХШОН ВАТАНИ ГАНДУМ АСТ
Хоруғ, 3 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Баланд бардоштани ҳосили зироати кишоварзӣ дар ВМКБ ба саъю кӯшиши зиёди кормандони илмӣ барои ба даст овардани навъҳои нави серҳосил, беҳтар кардани сифати тухмӣ, дуруст ноҳиябандӣ кардани намудҳо ва навъҳои зироат алоқаманд аст. Ба гуфти доктори илмҳои кишоварзӣ, муовини директори Пажӯҳишгоҳи биологии Помир Қозимаҳмад Абдуламонов олимон солҳои охир исбот намуданд, ки барои ба даст овардани навъҳои хуби зироат дар корҳои генетикию селексионӣ бояд навъҳои пайдоишашон маҳаллӣ истифода шаванд. Зеро навъҳои маҳаллии зироат тӯли ҳазорсолаҳо дар шароити иқлими кӯҳистони Бадахшон ҷараёни таҳаввулро гузаронида, ба хоку обу иқлими ин диёр пурра мутобиқ шуда аз таъсири ин омилҳо шакли муайян гирифтаанд. Ин масъала кормандони илмии Пажӯҳишгоҳи биологии Помирро водор сохт, ки коллексияи захираҳои генетикии намудҳои гуногуни зироати пайдоишашон маҳаллиро ташкил намоянд. Ҳанӯз солҳои 70 – уми асри гузашта бо роҳбарии мудири озмоишгоҳи генетикаю селексияи растаниҳо, номзади илмҳои биологӣ Ф.Г.Нигматуллин ин кор дар пойгоҳи тадқиқотии ноҳияи Ишкошим амалӣ гашт. Дар коллексия бидуни навъҳои маҳаллии ҷав, 50 мутанти аз он ба даст омада, ҷавдор, навъҳои маҳаллии зироати лӯбиёдона (мушунг, боқило, нахӯд, наск), инчунин, 69 шакли гандуми мулоими маҳаллӣ ва 11 шакли кӯтоҳпояи ин зироат гирдоварӣ шудаанд. Ин маводи пурқимат асосан аз киштзори водии Бартангу Ғунд, Шоҳдара ва Вахони навоҳии Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон дарёфт шуданд. Ҳоло кормандони пойгоҳи тадқиқотии ноҳияи Ишкошим тухмиҳои ин коллексияро дар ҳолати қобили ҳаётӣ нигоҳ медоранд. Ба ақидаи олими шинохтаи дунё Н.И.Вавилов Бадахшон маркази пайдоиши гандуми мулоим ба шумор меравад. Олими дигари шинохтаи рус Р.А. Удачин аз Донишкадаи растанипарварии шаҳри Санкт – Петербург то солҳои 90 – уми асри гузашта ба Осиёи Миёна, бахусус Бадахшон ба хотири дарёфту омӯзиши шаклҳои гандуми маҳаллӣ даҳҳо экспедитсия ташкил намуд. Ӯ солҳои 2003 – 2004 натиҷаи тадқиқоташро дар якҷоягӣ бо кормандони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир (Абдуламонов Қ. ва Мӯминшоева З.) дар ду мақолаи илмӣ ҷамъбаст намуд. Омӯзиши натиҷаҳои тадқиқоти бисёрсолаи намудҳои гуногуни гандум нишон дод, ки то солҳои охири асри гузашта дар Осиёи Миёна дар маҷмӯъ 273 шакли гандум ёфт шудааст. Аз ҷиҳати гуногуннамудии гандум Осиёи Миёнаро Р.А. Удачин ба 14 минтақа ҷудо намуд. Аҷибаш он аст, ки Бадахшон новобаста аз камзаминӣ аз рӯи гуногуннамудии гандум дар Осиёи Миёна дар ҷойи аввал меистад. Яъне, аз 273 шакли гандум 151 — тоаш (55,3 %) дар Бадахшони Тоҷикистон дарёфт шудааст. Аз ин миқдор 35 намудаш барои илм нав буда, онҳоро маҳз дар Бадахшон ёфтаанд. Ин шаҳодати он аст, ки ҷараёни бавуҷудоии шаклҳои нави гандум ва дигар зироат дар шароити табиии хосаи баландкӯҳ нисбатан бо шиддат мегузаранд. Баъди тақрибан 40 сол тӯли солҳои 2006 – 2008 кормандони институт бори дигар киштзори водиҳои номбаршударо аз муоинаи экспедитсионӣ гузаронида, ҳолати гуногуннамудии захираҳои генетикии киштзорро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Таҳлилҳои маводи гирдоваришудаи гандум нишон дод, ки онҳо ба 61 шакл мансубанд. Хушбахтона, 33 – тои онҳо барои захираҳои генетикии мавҷудаи Пажӯҳишгоҳ наванд, ки 14 – тои он дар Бадахшони Тоҷикистон ва 19 – тои дигар дар Бадахшони Афғонистон дарёфт шуда, боқимонда дар ҳолати омехтаи хеле камёб дучор меоянд. Дар натиҷаи ин тадқиқот коллексияи захираҳои генетикии пойгоҳи ноҳияи Ишкошим бо 33 шакли гандум, аз ҷумла 7 навъи нав, ду навъи майдатухми наск, як навъи арзан ва як шакли нави мушунг ғанӣ гардид. Аз тарафи дигар таҳлили маводи гирдовардашудаи гандум натиҷаи ташвишовар низ дод. Собит гардид, ки дар Бадахшон нисбат ба маълумоти мавҷудаи солҳои 70 – уми асри гузашта миқдори шаклҳои гандуми мулоими маҳаллӣ 52 дар сад ва шаклҳои кӯтоҳпояи он 94 дар сад кам шудаанд. Ба хотири дарёфти шаклҳои нодири гандуми маҳаллӣ олимони зиёди кишварҳои хориҷӣ ба Бадахшон экспедитсия ташкил менамоянд. Танҳо соли 2010 барои гирдоварии шаклҳои маҳаллии гандум ва дигар зироат олимони Корея, Ҷопон, ташкилоти байналмилалии ИКАРДА ва олимони Федератсияи Русия ба Бадахшон омаданд.