БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ
Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдулоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзои Шӯрои палатаи болоии парлумони кишвар беш аз 30 масъалаи ҳаётан муҳими фарогири бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ», «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи маориф» муҳокима гардид. Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ- Матлубхон Давлатов, Муним Холиқов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва муовини раиси Кумитаи палатаи болоии парлумони мамлакат Нуриддин Саидов зимни шарҳи масъалаҳои баррасишуда зикр карданд, ки ҳадафи қонунҳои мазкур такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани онҳо ба як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, рушди иқтисоду тиҷорат, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва адолати иҷтимоӣ дар мамлакат аст. Дар фарҷоми ҷаласа тамоми масъалаҳои баррасишуда ҷиҳати ҷонибдорӣ ба иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 март дар Душанбе баргузор мегардад, пешниҳод шуданд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






