БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ

Март 10, 2011 11:49

Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдулоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Аъзои Шӯрои палатаи болоии парлумони кишвар беш аз 30 масъалаи ҳаётан муҳими фарогири бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо  Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии  (расмикунонии) даромадҳои  бо роҳи ҷиноят  бадастоварда ва маблағгузории  терроризм», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи мақомоти прокуратураи  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ», «Дар бораи   биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи маориф» муҳокима гардид.          Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ- Матлубхон Давлатов, Муним Холиқов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва муовини  раиси Кумитаи палатаи болоии парлумони мамлакат Нуриддин Саидов зимни шарҳи масъалаҳои баррасишуда зикр карданд, ки ҳадафи қонунҳои мазкур такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани онҳо ба як қатор санадҳои  меъёрию ҳуқуқӣ, рушди иқтисоду тиҷорат, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва адолати иҷтимоӣ дар мамлакат аст. Дар фарҷоми ҷаласа тамоми масъалаҳои баррасишуда ҷиҳати ҷонибдорӣ ба иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 март дар Душанбе баргузор мегардад, пешниҳод шуданд.

Март 10, 2011 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад