БЕҲДОШТИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲО

Март 11, 2011 14:41

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳамасола бар асари фалокатҳои роҳу нақлиёт дар олам беш аз 1 миллиону 200 ҳазор нафар одамон ба ҳалокат мерасанд. Бо афзудани теъдоди автомобилҳои сабукрав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин раванд рӯ ба афзоиш дорад. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2013»  тасдиқ гардидааст. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо қарори махсус нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи  «Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2013»-ро дар вилояти Суғд тасдиқ намуд. Тибқи он то арафаи соли хониши 2011-2012 шӯъбаҳои илм ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсати маориф  ва шӯъбаи БДА РКД оид ба тайёр намудани китоби дарсии «Қоидаҳои ҳаракат  дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  пешниҳод  омода менамоянд. Ҳамчунин, ҳамасола гузаронидани озмуни дастаҳои «Нозири навраси ҳаракат» миёни мактабиён, истеҳсоли сару либоси махсуси «Нозири навраси ҳаракат», нашри адабиёти махсус оид ба тарғиб ва омӯзиши бехатарии ҳаракат дар роҳ, ташкили курсҳои омӯзиши «Қоидаҳои ҳаракати роҳ», баргузор намудани озмун  миёни журналистон оид ба мавзӯъҳои таъмини бехатарии ҳаракат ва амсоли он ба нақша гирифта шудааст.

Март 11, 2011 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд