ФАЪОЛИЯТИ ЗАН ДАР АРСАИ СИЁСАТ КОРИ САҲЛ НЕСТ

Март 3, 2011 17:02

«Эҳтиром гузоштан ба  зан-модар вазифаи муқаддаси ҳар фард аст. Аз ин рӯ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  эълон гардидани санаи 8 март Рӯзи модар иқдоми наҷиб ва арҷ гузоштан ба занону модарон-давомдиҳандаи ҳаёти инсонист», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мағфират Хидирова. Мавсуф афзуд, ки  иқдоми наҷиби Президент  занону модаронро водор месозад, ки  ба эҳтиром ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар мавриди баланд бардоштани мавқею рисолати  занон дар ҷомеа содиқ бимонанд.  Мағфират Умаровна,  имрӯз  нақши бонувони тоҷик дар пешрафти  соҳаҳои гуногуни  ҷомеа дар кадом поя қарор дорад?       Бонувони тоҷик, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа баробари мардон кору фаъолият мекунанд, дар пешбурди равандҳои ҷомеа муваффақ гардидаанд. Зеро вақте ба мавқеъ ва иштироки занон  бо диққат назар меафканем, фаъолияти сиёсию ҷамъиятии бонувони тоҷик дар тӯли 20 соли соҳибихтиёрӣ тағйир ёфтааст. Масалан,  занон бештар ба фаъолияти ҷамъиятӣ саъйу талош намуда, хеле фаъол  гардидаанд. Зеро имрӯз ҳар  як зан ва духтари тоҷик, ки дар марҳилаи соҳибихтиёрӣ умр ба сар мебарад,  аллакай эҳсос кардааст, ки ватандор аст. Аз ин, рӯ вазифадор аст саҳми муносиби худро дар рушду нумӯъи давлат гузошта, ба миллати худ хизмат намояд.  Албатта, дар марҳилае, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ тақвият меёбанд, таҳким бахшидани заминаҳои  давлатдории миллӣ масъалаи осон нест. Ҳастанд қувваҳои берунае, ки таъсири худро мерасонанд.  Вақте ки равандҳои гуногуни ҷаҳониро таҳлил карда мебароем, мебинем, ки ҳатто қувваҳое ҳастанд, ки сиёсатҳои кишварҳои абарқудратро муайян мекунанд.  Дар ҳамин марҳилаи ҳассос ва нозук ҳар як зан боз кӯшиш менамояд, ки ба ин ё он тарз,   шарт нест, ки  дар сатҳи олии сиёсат бошад ё дар сатҳи ҷамъиятӣ, масъулият ҳис кунаду фаъол бошад. Ин аллакай шаҳодати он аст, ки имрӯз сатҳи иштироку фаъолияти сиёсию ҷамъиятии занони тоҷик хеле тағйир ёфта, рушд кардааст.  Шумо тӯли ду навбат аст, ки ба ҳайси вакил дар палатаи поёнии парлумони мамлакат фаъолият доред, нақши бонувони вакилро дар рушди парламентаризм чӣ гуна арзбӣ менамоед?  Фаъолият дар парлумон ба таҷрибаи бонувон бисёр вобастагӣ дорад. Вале  ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, имрӯз нақши занон дар рушди парламентаризм,  фаъолияти онҳо дар парлумони касбӣ назаррас аст. Хусусан,  дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ҳамчун субъекти ташаббуси қонунгузорӣ, дар самти омода намудани хулосаҳои Кумитаҳо ба лоиҳаҳое, ки пешниҳод  мешаванд ва дар самти ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани ин ё он лоиҳа  занон фаъолияти  густурда   доранд. Агар нақши занонро дар ду давраи фаъолияти  парлумон  таҳлил карда бароем, дар ҳар ду давра, чӣ дар самти фаъолияти қонунгузорӣ, чӣ дар самти фаъолияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ занон фаъолияти арзишманд доранд.  Албатта, дар ҳар як зина дараҷаи донишу малака ва маърифату  таҷриба боз боло меравад. Парлумон ин  худ як мактаби бузургест дар мавриди  боло бурдани мақому манзалат ва фаъолияти занон.   Чанде пеш дар палатаи поёнии парлумони мамлакат раиси фраксияи ҲХДТ  интихоб шудед. Мегуфтед, ки то чӣ андоза ҲХДТ  дар баланд бардоштани  мақоми занон дар ҷомеа нақш мегузорад?   Агар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро таҳлил карда бароем, яке аз нуктаҳое, ки дар он омада буд ин рақамҳои  аввал ё дар сатҳи боло ҷо ба ҷо шудани намояндагони занон аст, ки имконият дод теъдоди бештари занон ба курсии вакилӣ соҳиб шаванд. Сиёсати ҲХДТ дар самти дастгирию фаъол гардонидани занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа хеле арзишманд аст. Хусусан, дар масъалаи баланд намудани мақоми зан дар ҷомеа нақши муҳим гузоштааст. Имрӯз ҲХДТ дар сафи худ беш аз 50 ҳазор нафар занонро муттаҳид сохтааст, ки онҳо дорои касбу кори гуногун буда, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар саҳми босазо мегузоранд. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ   10 нафар зан аъзои фраксияи ҲХДТ буда, дар таҳияи қонунҳо ва рушди парламентаризм фаъоланд. Барои зан- модар фаъолият кардан дар арсаи сиёсат кори саҳл нест. Зеро ин арса аз зан қавииродагию устувориро талаб менамояд. Ва интихоб гардиданам ба ҳайси раиси ҲХДТ маро водор месозад, ки донишу малакаи худро баҳри  таҳкими минбаъдаи фаъолияти фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон равона созам.       Чаро имрӯз аз ҳисоби  бонувони тоҷик вазир нест, ҳол он ки дар кишварҳои ҳамсоя занон дар мақоми Раиси ҷумҳур, вазир, сафир ва дигар  мансабҳои  баланд фаъолият доранд?  Ба андешаи ман шояд дар мансаби вазирӣ набудани  зани тоҷик ин як масъалаи вақт бошад. Зеро аслан гирем дар ҷомеи кунунии Тоҷикистон ягон монеъаи ҷиддӣ дар мавриди вазир шудани зани тоҷик  вуҷуд надорад ва фикр мекунам, ки ин  масъалаи муваққатист ва дар оянда аз миёни бонувони тоҷик дар мансаби вазирию сафирӣ занон низ таъин хоҳанд шуд.  Зимни вохӯрию мулоқоте, ки бо интихобкунандагон дар минтақаҳо мегузаранд, занон бештар атрофи кадом  мушкилоту проблемаҳои худ ҳарф мезананд?  Зимни вохӯриҳо аслан занон масъалаҳои марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиро  мебардоранд ва аксаран занон проблемаҳоро дардноктар эҳсос мекунанд. Аммо як чиз ҳис   мешавад, новобаста аз баъзе мушкилоти ҷойдошта  занон рӯҳафтода нестанд. Занону модарон дили бузург  ва эътимоду боварӣ ба фардои неки худ доранд. Тамоми он мушкилоте, ки имрӯз ба ҳаёти занон таъсири худро мерасонанд,  бонувон мефаҳманд, ки ин ҳама муваққатист. Хусусан, занони кӯҳистон дидгоҳ, фаҳмиш ва ҷаҳонбинии  хешро доранд. Дар як мулоқоте, ки бо занони минтақаи Сари Хосор доштам, атрофи вазъи рӯзгори иҷтимоии онҳо сухан мекардам, онҳо мегуфтанд, ки як ҳамшираи шафқат аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ медоштем бисёр хуб мебуд. Ман дар посухи саволи онҳо гуфтам, ки чаро духтарони худро, ки ҳатто Президенти мамлакат барои таҳсили духтарони минтақаҳои дурдаст дар мактабҳои олӣ квота  ҷудо намудаанд,  ба хондан намефиристед, то рафта соҳибмаълумот гарданду ба диёри худ баргашта кору фаъолият намоянд. Яке аз бонувон гуфт, ки диламон намешавад духтарамонро ба хондан ба роҳи дур фиристем. Ва гуфтам баъд дили кадом модар  мешавад, ки духтарашро ба ин минтақаи дури кӯҳистон  ба кор фиристад. Вақте мутахассис аз худи ҳамон маҳал аст, ӯ метавонад содиқтар ба халқи худ хизмат намояд. Ва бояд дар ин масъала, яъне ба таҳсил фаро гирифтани духтарони минтақаҳои кӯҳистон  диққати  махсус диҳем ва тадбирҳо андешем.    Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» муддати дуюним моҳ дар  муҳокимаи умумихалқӣ қарор дошт ва ба фикри Шумо ҳамчун зан ин санад чӣ гуна қонун хоҳад буд?  Лоиҳаи қонунро аксарияти қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷонибдорӣ менамоянд ва ҳастанд нафароне, ки ба он мухолиф баромадаанд ва гӯё, ки меъёрҳои ин лоиҳаи қонун дар дигар санадҳои қонунгузорӣ вуҷуд дошт бошанд. Лоиҳаи қонун ҳам аз ҷиҳати динӣ ва ҳам дунявӣ беҳтарин санади ҳуқуқӣ аст. Ҳар як падару модар  вазифадор аст фарзанди худро  таълиму тарбияи дуруст дода, ӯро ҳамчун инсони комил ба камол расонад. Зеро имрӯз на ҳамаи падару модарон рисолати азалии худро иҷро мекунанд. Ман фикр мекунам, ки дар чунин ҳолат  давлат ҳуқуқ дорад  ҳамин муносибатҳоро тавассути қонун ба танзим дарорад.  Ё агар меъёрҳои қонун дар дигар санадҳо бошанд, масалан Кодекси оила  ё дигар кодексҳо таъсири манфӣ надорад. Масалан, на ҳамаи мардуми мо имкони гирифта хондани Кодексҳоро доранд. Зеро санадҳои ҳуқуқӣ бениҳоят калон мебошанд. Ин қонун  як чизи дастрасу  фаҳмо аст ва ин қонун метавонад барои  мардум ҳамчун як дастур хизмат намояд. Баръакс ин ба манфиати ҷомеа аст. Имрӯзҳо дар муҳокимаи умумихалқӣ гузоштани  лоиҳаи қонун воситаест ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа. Нуқтаҳое, ки лоиҳаи  қонун  муайян кардааст, хусусан дар масъалаи босавод тарбия кардани фарзанд ҳар волидайнро водор месозад, ки  ба ин масъала ҷиддитар муносибат намоянд. Зеро босавод  будани модар барои босавод шудани фарзанд хеле муҳим аст. Тоҷикистон, ки ба низоми нави таҳсил мегузарад, таҳсил дар мактабҳо аз синни 6 солагӣ оғоз меёбанд. Ин дур нест,  зеро тибқи қонуне ки парлумони кишвар қабул кард, соли 2014   мо ба низоми нави таҳсил мегузарем. Дар ин маврид кӯдак аз синни 6-солагӣ ба мактаб меравад. Агар мо дар хона бо кӯдак кор накунем ӯро чӣ гуна дар синни 6 солагӣ ба мактаб мефиристем. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам,  ки лоиҳаи Қонуни мазкур бамаврид буда, дар тарбияи кӯдак ва ташккулёбии ӯ нақши муҳим мебозад. Ва падару модаронро водор месозад, ки ба тарбияи фарзандони худ муносибати ҷиддӣ  намоянд.  Ба андешаи бархе аз коршиносон маҳз паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии занон боис гардидаст, ки онҳо ҳуқуқҳои худро дар ҷомеа ҳифз карда наметавонанд. Назари Шумо ба ин масъала?  Масъалаи паст будани  сатҳи маърифати ҳуқуқии занон воқеан вуҷуд дорад. Зеро дар аксар мавридҳо мо дар тарбияи духтарҳо, ки оянда онҳо модар мешаванд,  саҳлангорӣ намуда, ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳем. Яъне, баъзан дар зери мафҳуми тарбия мо    нисбат ба духтарҳо  тавре муносибат мекунем, ки он ба хушунат рафта мерасад ва озодии онҳоро   маҳдуд месозем. Баъзе модарон  ба он ақидаанд, ки агар ба тарбияи духтар муносибати ҷиддӣ накунем, атрофиён моро айб менамояд. Албатта,  ман ҷонибдори онам, ки духтарон дар рӯҳияи одобу иффати шарқиёна ба камол расанд. Зеро иффат ва фазилатҳои ҳамидаи шарқиёна барои занону духтарони тоҷик зарур аст. Аммо мо инро набояд то ба он дараҷа мутлақ гардонем, ки он ба хушунат ва дигар омилҳои манфӣ  бурда расонад. Бояд дар шароити кунунии равандҳои рушди ҷомеаи башарӣ сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии ҳуқуқии  бонувонро баланд бардошт, то тавонанд дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои худ намоянд.  Тарзи либоспӯшии иддае аз  занону бонувони тоҷик, хусусан ба либосҳои занони кишварҳои хориҷӣ тақлид намудан дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон  баҳс ва сару садоҳои зиёдро ба миён овардааст. Нигоҳи Шумо ҳамчун бонуи тоҷик ба масъалаи либоспӯшии занону духтарон?  Ба фикри ман ба ҳар кор, хусусан ба фарҳанги либоспӯшии занону бонувони кишварҳои хориҷӣ тақлид  кардан хоси занону бонувони тоҷик нест. Хусусан  дар марҳилаи наве, ки мо  давлати миллӣ бунёд менамоем. Имрӯз мо шоҳиди онем, ки аксари занону духтарони тоҷик либосро аз рӯи майлу хоҳиш, ҷаҳонбинӣ, ақида, муҳити хонаводагӣ ба бар мекунанд. Аслан бигирем симои зебои зани тоҷикро либоси миллӣ боз ҳам зеботар мегардонад. Ман на танҳо либоси атласро дар назар дорам, балки ҳамон тарзи либоспӯшии тоҷиконаи бонувон хеле зебову шинам ва ба ҳар як бонуи тоҷик зебанда аст,  назар ба  либосҳои занони кишварҳои хориҷӣ. Барои чӣ вақте чунин пироҳанҳои зебову шинам дорем,  боз тақлиди кӯр-кӯрона менамоем ба фарҳанги либоспӯшии занони дигар кишварҳо? Оё занони кишварҳои дигар либосҳои миллии  моро ба бар мекунанд ё тақлид месозанд?  Чаро он ҳуввияти миллиеро, ки мо дар бахши фарҳанги либоспӯшӣ дорем, аз даст диҳем? Ҳар як миллатро бо либоси миллиаш мешиносанд ва эътироф мекунанд. Зеро либос низ як ҷузъи фарҳанги миллист. Ба андешаи ман дар масъалаи либоспӯшӣ бояд бонувону духтарони тоҷик ҳуввияти худро нигоҳ дошта тавонанд.   Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик?   Дар рӯзҳои нахустини фасли зебои сол-баҳор ба занону модарони тоҷик сиҳатию сарбаландӣ, осмони софу мусаффо ва рӯзгори хушу осоиштаро  таманно менамоям.        Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».

Март 3, 2011 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад