ИМРЎЗ САФАРИ ДАВЛАТИИ Э.РАҲМОН ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ОГОЗ ЁФТ

Март 7, 2011 16:53

Имрўз, баъд аз зуҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон омад. Дар фурўдгоҳи шаҳри Исломобод – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукўҳу шаҳомати хоси сафарҳои давлатӣ истиқбол гирифтанд. Фурўдгоҳи шаҳри Исломобод ба ин муносибат бо парчамҳои давлатии ду кишвар, шиору овезаҳои таҷассумкунандаи дўстӣ ва ҳусни ҳамкорӣ оро ёфта буд. Ба истиқболи меҳмони олимақом садои 21 шиллики тўпхонаҳо дар фазои шаҳри Исломобод танинандоз гардид. Худи ҳамин рўз дар қасри Президенти Покистон — «Айвони Садр» мулоқоти хосаи сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ва музокироти ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор мегардад.

Март 7, 2011 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд