ИШТИРОКИ 15 ТЕАТРИ КАСБӢ ДАР «ПАРАСТУ-2011»

Март 11, 2011 14:38

 Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллох). — Аз 28 март то 3 апрели соли 2011 дар доираи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011» баргузор мегардад. Дар чашнвораи мазкур 15 театри касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат менамоянд. Тибқи низомнома ба фестивал-озмун асарҳое пешниҳод мегарданд, ки аз ҷониби драматургони тоҷик дар даврони истиқлолият дар мавзӯъҳои муосир офарида шудаанд. Барои ғолибони фестивал-озмун Шоҳҷоиза, се ҷой ва ҳамчунин барои беҳтарин режиссура, нақшофарӣ, ороиши мусиқӣ, ороиши саҳна мукофоти пулӣ муайян  шудааст. Инчунин, иштирокдорони озмун бо дипломҳои махсус сарфароз мегарданд. 

Март 11, 2011 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд