ИШТИРОКИ 15 ТЕАТРИ КАСБӢ ДАР «ПАРАСТУ-2011»
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллох). — Аз 28 март то 3 апрели соли 2011 дар доираи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011» баргузор мегардад. Дар чашнвораи мазкур 15 театри касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат менамоянд. Тибқи низомнома ба фестивал-озмун асарҳое пешниҳод мегарданд, ки аз ҷониби драматургони тоҷик дар даврони истиқлолият дар мавзӯъҳои муосир офарида шудаанд. Барои ғолибони фестивал-озмун Шоҳҷоиза, се ҷой ва ҳамчунин барои беҳтарин режиссура, нақшофарӣ, ороиши мусиқӣ, ороиши саҳна мукофоти пулӣ муайян шудааст. Инчунин, иштирокдорони озмун бо дипломҳои махсус сарфароз мегарданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






