КОРХОНАИ ШИР ДАР ҚАЛЪАИ ДАШТ
Файзобод, 17 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод корхонаи истеҳсоли шири ҶДММ «Сӯҳробҷон» ба фаъолият шурӯъ намуд. Тавре роҳбари корхонаи мазкур Рустам Назриев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мақсади асосии коргоҳ коркарди шири сокинони деҳаҳои гирду атроф мебошад. Дар ин корхона 10 нафар бо кор таъмин шудаанд. Рустам Назриев афзуд, ки ба корхона ҳар рӯз 500 – 600 литр шир аз ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт ворид мешавад. Ҳар рӯз аз шири воридшуда ҷурғоту маска ва қаймоқу дуғ истеҳсол намуда ба кормандони нерӯгоҳи Роғун ва аҳолии ноҳия пешкаш менамоянд. Мушкилии асосии кори мо нарасидани барқи доимӣ мебошад. Агар роҳбарон моро ҳамарӯза ба муддати 4 соат бо барқ таъмин мекарданд, мо метавонистем дар як рӯз беш аз 2 тонна шир қабул ва коркард намуда 25 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намоем, гуфт роҳбари корхона Рустам Назриев.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






