М. АСРОРӢ : «ПЕШРАВИҲОИ ВАО ДАР МИНТАҚА БЕНАЗИР АСТ»

Март 2, 2011 08:22

   Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа роҷеъ ба дастовардҳои 20 — соли даврони Истиқлолият дар ВАО маводи зиёд нашр мегарданд. Мухбири АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бо Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ оид ба бурду бохти матбуот дар тӯли 20 соли Истиқлол сӯҳбат намояд. Фишурдаи ин сӯҳбатро пешкаши хонандагон мегардонем.     Мӯҳтарам Мирзошоҳрух Асрорӣ, дастовардҳои соҳаи ВАО ва озодии суханро дар давоми 20 соли Истиқлолияти Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?    Чун ба таърихи гузаштаи матбуотамон бо назари ибрат менигарем, ба хубӣ дарк мекунем, ки барои таъсиси аввалин рӯзномаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устод Айнӣ ва пайравони ӯ масоили муҳимтарини давру замон – мактабу маориф, тарғиби илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ, забономӯзӣ, донистани таъриху фарҳанги миллӣ, дӯстию рафоқат, ободии кишвар ва созандагию бунёдкории мардумро ҷолибу нишонрас ба қалам додаанд. Нусхаҳои нахустин рӯзномаҳои миллат — «Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Шӯълаи инқилоб», ки дар бойгониҳои мамлакат маҳфузанд, порае аз зиндагиномаи халқи тоҷик мебошанд.    Дар тӯли 20 соли Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии сухан дар заминаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва дигар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад. Вазифаи рӯзноманигорон дар хусуси роҳ надодан ба сӯйистифода аз озодии сухан ва омилҳои ҷавобгарӣ дар моддаҳои 6 ва 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» возеҳу равшан зикр ёфтаанд.    Дар бораи рушди озодии сухан ва воситаҳои ахбори омма дар давоми 20 соли Истиқлолият сухан ронда, месазад ба бурду бохти соҳа аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба ҷодаи раҳоӣ аз сензураи маводи чопӣ назар афканем.    Дар соли 1991, то рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат дар маҷмӯъ 160 рӯзномаю маҷаллаи расмии давлатӣ, илмӣ-оммавӣ ва соҳавӣ фаъолият менамуданд. Соли 1992 ин шумора ба 226 адад расид. Фазои истиқлол барои матбуот шароит фароҳам овард то ба нигоришоти фикру андешаҳои озод дар бахшҳои сиёсат ва фарҳангу тиҷорату соҳибкорӣ рӯ оваранд. Овардани ин мисолҳо барои рӯзноманигорон фактҳои ҷолибе аз раванди таърих оид ба фароҳам сохтани озодии сухан хоҳад буд:   Дар солҳои аввали Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин рӯзномаҳо дар равияи истиқбол аз озодии сухан — ҳафтаномаи «Нидои ранҷбар», «Голос Таджикистана», «Экспресс», «Ҳуррият», «Иқтисод ва ҳаёт», «Илм ва ҳаёт», «Наҷот», «Адолат», «Растохез», нашрияҳои «Лақай овози», «Элчи», «Кадрият» ва ғайра номнавис ва чоп шуданд. Баъдан чунин рӯзномаҳои хусусӣ — «Оила» (муассис- шаҳрванд Ҳамидов Сиёвуш), «Башорат» (муассис- шаҳрванд Ҷумъазода Халифабобо), «Чархи гардун» (муассис- шаҳрванд Сатторов Акбаралӣ), «Нерӯи сухан» (муассис шаҳрванд Мирзо Асозода), «Дунё» (муассис- идораи рӯзномаи «Муҳаббат ва оила») пайи ҳам ба майдони матбуот ворид шуданд, ки аксари онҳо имрӯз дар байни хонандагон обрӯю нуфуз пайдо кардаанд.   Ҳамин тавр, бо шарофати фароҳам овардани шароит барои озодии сухан теъдоди воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаю маҷаллаҳои хусусӣ сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳод. Агар дар соли 1995 дар ҷумҳурӣ 69 рӯзнома ва 19 маҷаллаи хусусӣ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2000- ум ин теъдод мутаносибан ба 84 ва 25, дар соли 2005-ум ба 154 ва 30 адад расид.   Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 268 рӯзнома, 136 маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ва 8 агентии иттилоотӣ фаъолият доранд , ки онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ, қирғизӣ ва шуғнонӣ ба табъ мерасанд. Дар давоми соли 2010-ум 34 рӯзнома ва 23 маҷалла ба тозагӣ номнавис шуданд, ки нашрияҳои «Симо», «Рӯзгор», «Мавқеъ», «Маърифати ҳуқуқ», «Ҳаёт», «Шикорчӣ», «Доно», «Хонаи умед», «Маҳрам», маҷаллаҳои «Шарқу Ғарб», «Садои кӯдакон»,   «Навниҳол», «Осори Академия» аз ин ҷумлаанд.   Вале мавриди зикр аст, ки масъалаи аз нав баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр то ҳанӯз ҳалли мусбати худро наёфтааст. Тибқи муқаррарот мӯҳлати эътибори шаҳодатномаҳои 136 рӯзнома ва 50 маҷалла то ибтидои соли 2011 ба охир расидааст, аз ин рӯ мебояд ҳамаи онҳо мӯҳлати шаҳодатномаҳояшонро тамдид намоянд. Аммо мутаассифона, то имрӯз ҳамагӣ 39 рӯзнома ва 5 маҷалла барои тамдиди мӯҳлати эътибори шаҳодатномаҳояшон ба Вазорати фарҳанг муроҷиат кардаанд. Яъне, шаҳодатномаҳои қаблан додашудаи ин нашрияҳо эътибори ҳуқуқии худро аз даст додаанд ва муассисони онҳо ҳуқуқ надоранд минбаъд фаъолияти хешро идома бахшанд.    Мавриди зикр аст, ки бақайдгирии давлатӣ ва ба ҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр яке аз самтҳои асосии татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табъу нашр ва матбуот маҳсуб меёбад, ки риояи он барои ҳамаи корхонаву ташкилоту муассисаҳои нашриявӣ ҳатмист.     Бояд гуфт, ки ҳоло Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар таҳрири нав мавриди баррасии Парламенти кишвар қарор дорад.   Қаблан, сабти давлатии воситаҳои ахбори оммаро идораҳои давлатии нотариалии дахлдор, ки тобеи Вазорати адлия мебошанд, амалӣ мекарданд. Ду сол инҷониб, яъне баъди ҷорӣ гардидани усули “Равзанаи ягона” бақайдгирии давлатии ВАО-ро мақомоти андоз дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ба ҷо меорад.   Баъди бақайдгири давлатии ташкилотҳои табъу нашр Вазорати фарҳанг дар асоси моддаи 16- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табъу нашр” танҳо ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқиро ба ҳисоб мегирад.    Ҳамзамон мутобиқи моддаи 14 – и Қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” прокурор ё Вазорати фарҳанг ӯҳдадор аст, ки дар мавриди вайрон кардани муқаррароти қонуни мазкур вайронкунандаи қонунро расман огоҳ намояд, дар сурати такроран вайрон кардани он дар бораи қатъ намудани фаъолияти воситаҳои ахбори омма ба суд муроҷиат кунад.   Дар доираи ҳамин ваколатҳо Вазорати фарҳанг дар айни ҳол тавассути Раёсати табъу нашр ва матбуот, ки воҳиди сохториаш буда, дар ин раёсат 7 нафар мутахассис фаъолият мекунад, танзим менамояд.    Имрӯз дар самти рушди соҳаи иттилоот ва иттилоотонии ҷомеа кадом чораҳои муассир андешида мешаванд?    Бо мақсади рушди соҳаи иттилоот, иттилоотонии ҷомеа ва дастраси тамоми қишрҳои аҳолӣ гардидани иттилоот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2009 Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Тибқи он тадбирҳои зиёд, аз ҷумла ислоҳоти системаи идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти ягонаи идораи давлатӣ оид ба танзими фаъолияти матбуот, телевизиону радио ва воситаҳои коммуникатсияи омма, инчунин дастгирии давлатии матбуоти даврӣ пешбинӣ гардидааст. Вале, бинобар таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ соли гузашта татбиқи он ба таъхир афтод.   Мо умедворем, ки дар мавриди татбиқи ин барномаи давлатӣ вазъи соҳаи матбуот ва иттилоотонии ҷомеа дар Тоҷикистон боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.   Мӯҳтарам вазир, Шумо муносибати ҳукумат бо ВАО, бахусус ВАО-и мустақилро чӣ гуна баҳодиҳӣ мекунед?    Мехоҳам роҷеъ ба муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо матбуоти озод ақидаҳои худро ба таври муфассал баён намоям. Шояд саволе ба миён меояд, ки чаро созмонҳои ҷамъиятии журналистӣ аз монеаэҷодкунии мақомоти давлат дар фаъолияти баъзе нашрияҳои мустақил шикоят мекунанд.    Аввал ин, ки Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии вобаста ба фаъолияти матбуот сарфи назар аз ҳуқуқвайрокуниҳои зиёди нашрияҳои мустақил барои фаъолияти онҳо ягон маротиба монеъ нагардидааст ва дар ин хусус боре ҳам расман изҳорот ё огоҳӣ надодааст, инчунин фаъолияти ягон адади онҳоро қатъ ҳам накардааст. Баҳсҳое, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳал мешаванд, маънои монеаэҷодкунии Ҳукуматро надорад. Ин як таҷрибаи оддиест, ки дар тамоми давлатҳои демократӣ роиҷ мебошад.Дуюм, ин ки дар Тоҷикистон нашрияҳои мустақил ҳатто санҷишҳои мақомоти андозро ба масъалаи сиёсӣ табдил дода, мақомотро барои монеаэҷодкунӣ дар фаъолияти худ айбдор месозанд, ки ин ҳам ягон заминаи воқеӣ надорад. Зеро риояи Кодекси андоз барои ҳама ҳатмист.    Норизоӣ ва эътирозҳое, ки созмонҳои журналистӣ ва нашрияҳои мустақили Тоҷикистон нисбат ба озодии сухан баён мекунанд, низ беасос мебошад, балки онҳо ин корро танҳо ба хотири манфиатҷӯии худ аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои муқими Тоҷикистон ва пешрафти тиҷорати худ мекунанд.    Бо дарки масъулият изҳор медорам, ки озодии сухане, ки дар Тоҷикистон дар айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад!     Кадом мушкилоти соҳаи ВАО имрӯз ташвишовар аст?   Як масъалаи муҳим мавриди таваҷҷӯҳ аст. Мутобиқ ба моддаи 21-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” бояд «нусхаҳои назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, сарфи назар аз шаклҳои моликият, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи чоп шуданашон фавран ба идораю муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор фиристода шаванд». Ҳамчунин, қоидаҳои фиристодани нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврӣ ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2005 №482 тасдиқ гардидааст.    Оид ба риояи ин қоидаҳо фаъолияти ибратбахши аксар нашрияҳои давлатӣ, аз қабили “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Халқ овози”, “Минбари халқ”, “Омӯзгор”, “Народная газета”, рӯзномаҳои хусусии “Озодагон”, “СССР”, “Нигоҳ”-ро метавон ном бурд. Аммо на ҳамаи матбуоти даврӣ ин қоидаро қатъӣ риоя мекунанд. Дар хусуси ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Вазорати фарҳанг дер фиристодан ё умуман нафиристодани нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии маводи чопӣ борҳо ба як қатор рӯзномаҳо мактубҳои расмии огоҳӣ ирсол намуда бошем ҳам, аксар матбуоти даврӣ то ҳанӯз аз риоя нагардидани талаботи қонун хулосаҳои зарурӣ набаровардаанд.   Назар ба иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое вомехӯранд, ки андозсупорандагони соҳаи матбуот бархилофи талаботи қонунгузориҳои ҷорӣ, хусусан Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, санҷишҳои дар чопхонаҳои ҶДММ “Оила принт”, муассисаи хусусии ҳафтаномаи ҳаҷвию фарҳангезии “Мушфиқӣ”, “Интишор” – и ҶСШК “Чархи гардун” гузаронидаи намояндагони мақомоти мазкур маълум намуд, ки онҳо ба вайронкунии талаботи моддаи 27 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табъу нашр” ва моддаи 20 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” оид ба нишон додани адади нашр дар нусхаҳои маводи чопӣ роҳ додаанд.       Ғайр аз ин, таҳлили фаъолияти 64 рӯзнома ва ҳафтаномаи дар шаҳри Душанбе амалкунанда нишон дод, ки аз онҳо танҳо 6 рӯзнома тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” аз қайди давлатӣ гузаштаанду халос.    Ҳамчунин тибқи маълумоти аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати фарҳанг расида дар фаъолияти рӯзномаҳои “Рекламная газета”, “События”, «Дайджест пресс», «Чархи гардун» халалдор намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ошкор гардид. Мувофиқи санҷиши гузаронидаи кормандони хадамоти мазкур ҳаҷми рекламаҳои дар шумораҳои алоҳидаи ин рӯзномаҳо ҷойгиршуда ба талаботи моддаҳои 5, 7, 12 ва 17-уми Қонуни номбурда мухолифат мекунад.     Бо мақсади рафъи камбудиҳои ошкоршуда ва минбаъд риоя намудани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг ба нашрияҳои мазкур мактубҳои огоҳӣ ирсол намуд.        Шумо ҳамчун сиёсатмадор вазифаҳои аслии журналистро дар чӣ мебинед?    Вобаста ба пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ ва рушди бемайлони воситаҳои техникии иттилоот вазифаи ҳар як рӯзноманигор аз он иборат аст, ки бояд бо донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ мусаллаҳ бошад ва он гоҳ ба қавли суханвари мумтоз Ҳабиб Юсуфӣ бо қалами “буррандатар зи теғ”-и худ ба майдони матбуот ворид шавад. Ва тавонад ҳар як факту далелро аз нуқтаи назари таҳлили амиқ, воқеъбинона, равшану шаффоф, дар заминаи ҳадафҳои рушди тафаккури солим, дар қолаби хабару мақолаҳо, гузоришу мусоҳиба ва очеркҳо ғунҷоиш диҳад, на балки бо муҳокимарониҳои ҳангомаҷӯёна, ғаразнок, суханони берабту маъниҳои аз ҳам гусаста, далелҳои бебунёд ва шикастани қолабҳои забони ноби тоҷикӣ, ки ин раванд, мутаассифона, дар саҳифаҳои рӯзномаҳои муосир ба мушоҳида мерасад, ба иззати нафси мардум расад.    Боиси қаноатмандист, ки матбуоти имрӯза, қабл аз ҳама рӯзномаҳои хусусӣ тавассути мақолаҳои танқидӣ, муҳокимарониҳои боҷуръатона дар ошкор намудани нуқсонҳои ҷомеа хизмати зиёд ба харҷ медиҳанд, вале дар нигориши фикру ақидаҳояшон ба ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз озодии сухан роҳ додани аксари онҳо, бешак, боиси нигаронӣ хоҳад буд.     Ҳол он ки ҷомеаи имрӯза дар назди аҳли матбуот ва умуман мардум мавзӯъҳое ба миён гузоштааст, ки ҳалли онҳо барои пешрафти хоҷагии халқи мамлакат, камолоти маънавии инсони замони навин ва афзудани иқтидори давлат чун обу ҳаво заруранд. Мисоли равшан он аст, ки имрӯзҳо мардуми кишвар пешниҳоди Сарвари давлатро оид ба Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сидқан пазируфта, дар муҳокимаи он якдилона ширкат меварзанд. Ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи фикру мулоҳизот, таклифу пешниҳоди мардум ва амалӣ гаштани мақсадҳои наҷиби халқу давлат дар таълиму тарбияи насли воқеан сазовори миллат, албатта, воситаҳои ахбори омма –радиову телевизион ва матбуот нақши ҳалкунанда мебозанд.    Миёни забондонон ва коршиносон оид ба дуруст риоя нагардидани забони давлатӣ дар матбуоти даврӣ андешаҳо мухталифанд. Ақидаи Шумо нисбат ба ин масъала чӣ аст?   Ба мавзӯи забони матбуоти имрӯза дахл карда, мехостам он суханони ҳидоятмандонаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол биёрам, ки дар Паёми табрикии худ ба муносибати 20-солагии қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд:«Имрӯз дар Тоҷикистон баъзе рӯзномаҳое фаъолият доранд, ки забони онҳо ба талаботи забони меъёр ва завқи солим ҷавобгӯ нест. Дар маводи чопкардаи ин рӯзномаҳо меъёрҳои муқарраргардидаи забони адабӣ ва ҳатто қоидаҳои қабулшудаи имло риоя намешаванд…».Ҷойи таассуф аст, ки дар як қатор нашрияҳои бонуфузи давлатию хусусӣ аз камтаваҷҷӯҳии муаллифон ва ё беаҳамиятии масъулини он қариб дар ҳар саҳифаву ҳар шумора нуқсони зиёди мантиқию имловӣ ва беэҳтиромӣ ба забони ноби тоҷикӣ роҳ дода мешавад. Чунин муносибат аз як тараф, табъи хонандаро хира кунад, аз тарафи дигар, обрӯю эътибор ва нуфузи нашрияро то андозае дар байни хонандагон дар ҷомеа коҳиш медиҳад.   Ғалатҳои рӯзномаю маҷаллаҳо бештар хусусияти услубию мантиқӣ доранд, вожаҳои русӣ, арабию арабиасос фаровон истифода мешаванд, калимаю ибораҳо ба таври сунъӣ корбаст мешаванд.Мо бояд ҳар лаҳзаву соат он таъкиди ҳикматбори устод Айниро ба ёд биёрем, ки гуфта буд: “Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст”. Модоме ки чунин аст, набояд забони қавму миллати худро бо калимаю ибораҳои бегонаву дилбазан, ғалатгӯиву ғалатнависиҳо, калимаю истилоҳи душворфаҳм, ақидаҳои иғвоангезу хусуматомез хору залил созем!    Вазорати фарҳанг барои самарабахшии корҳо дар самти назорат ва таҳкими фаъолияти воситаҳои ахбори омма пайваста чораҷӯӣ мекунад. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини риояи дурусти муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», Қоидаҳои баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ ва дигар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони Вазири фарҳанг дар бораи таъсиси Комиссияи баҳисобгирии корхонаву муассисаҳои табъу нашр дар назди Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор тадбирҳо андешида шудаанд.        Ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаҳои ҳатмии аснод» (маҳсулоти чопӣ, нашрияҳои электронӣ, мусаввараҳо, адвор, маҳсулоти аудиовизуалӣ – кино, видео, ва ғ.) таҳия гаштааст, ки қабули он тақозои давру замон аст. Ин санаде хоҳад буд, ки сиёсати давлатро дар самти ташкили ирсоли нусхаҳои ҳатмии аснод ҳамчун манбаи мукаммалсозии китобхонаҳо ва дигар фондҳои ҳифзкунандаи осори зеҳнӣ, рушди низоми библиографияи давлатӣ муайян намуда, кафолати ҳифзи нусхаҳои ҳатмӣ ва истифодаи умумии онҳоро пешбинӣ хоҳад кард.                Ташаккур барои сӯҳбат!               Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ

Март 2, 2011 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад